Hhdt | Shohmansur

НАВРЎЗ ВА АНЪАНАҲОИ ОН

НАВРЎЗ ВА АНЪАНАҲОИ ОН

Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархуидаи Наврўз азизу арҷманд нест. Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин,  арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон аст.

Ҷашни Наврўз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврўз «рўзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврўз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рўз дар баҳор мебошад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар чаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, тахти фасли 49, ки унвони "Фарханги чахон”-ро дорад, карорномаи "Рузи чахонии Навруз” ба тасвиб расид. Он бо пешниходи кишвархои Точикистон, Эрон, Афгонистон, Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасй карор ёфтааст. Дар карорнома гуфта мешавад, кй хамасола дар тамоми чахон 21-уми март хамчун Рузи байналмилалии Навруз тачлил гардад.

Ойину суннатхои точикон дар айёми Навруз инхоянд, ки аксари онхо то ба имруз роичанд.

Гулгардонӣ. Аз омадани Навруз пеш аз хама бачагон бо ичрои аньанаи гулгардонй ба дигарон хабар медиханд. Онхо як ду хафта кабл аз Навруз гурух шуда, ба куху пуштахо рафта гулхои бахорй: бойчечак, сиёхгуш ва гули зардакро чида ба деха меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврузро мерасонанд. Сохибхонахо гулхоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю канду мавиз, дар баъзе чойхо гандуму нахуд медиханд.

Ҷуфтбаророн. То солхои 1950-ум дар нохияхои минтакаи Сугд, Хатлон, водии Хисор ва баъзе вилоятхои точикнишини Узбекистон дехконон то фарорасии чащни Навруз маросими чуфтбаророн барпо мекарданд. Рузи аввал дехконон дар хонае чамъ омада, дастчамъона оши палав пухта мехурданд ва аз Куръони шариф сурахо тиловат мекарданд ва ба хакки Бобои Дехкон ва арвохи гузаштагон дуою фотиха мехонданд.

Фолгирӣ. Ойини дигар, пешбинй кардан бо рохи сабзонидани 12 навъи галладона: гандуму чаву нахуду бокило, загир, наск, мош ва гайраро мебошад. Ин галладонахоро  дар зарфхои гуногун  дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату кайфияти сабзиши онхо фол мегирифтанд, ки кадом навъи галладона дар ин сол нашъунамой хуб карда хосили фаровон хохад дод.

Хонабуророн. Мардум як хафта пеш аз фарорасии Навруз курпаву палосхоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпахою пардахоро мешуянд ва хушбуӣ мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонахоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфхоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву икболи нав аст.

Чаҳоршанбесурӣ. Маросими Чахоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбе сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофики такдими хуршедй) гузаронида мешавад. Дар чоррахае алав афрухта хурду калон аз болоящ мечахиданд ва ба оташ мурочиат карда мегуфтанд: ранчурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо ичрои ин амал онхо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онхо тандуруст хоханд буд.

Маросимн обрезон. Аз даврахои хеле кадим дар байни мардумони ориёй ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав - Навруз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд.

Тибки навиштахои фолклоршиносон сардори оила субх пеш аз баромадани офтоб ба даст куза, ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё руди об мерафт. Баъди шустушуй зарфро пури об карда, сипас аз болой об се маротиба чахида: «хар чй дарду бало дорам, об бибар», - мегуфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаву дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалхои рамзомезро ичро мекарданд.

Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонхои хеле кадим анъана шуда омадааст, оштикунонии кахрихо мебошад. Дар огози соли нав набояд касе бо касе кахрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба хам кахриро оштй мекунонданд. Ин ойин холо хам дар байни мардуми Ягноб роич acт.

         Ҳамин тарик, Навруз аз маъруфтарин ва махбубтарин чашнх,ои мардуми точик ва дигар халкхои эронитабор ба шумор меравад. Навруз - чойи вохурй ва муносибати мардум, чое, ки хам зану мард ва хам пиру чавон гирд меоянд, шодию хурсандй мекунанд, лаззати эстетики мебаранд, ёдоварй аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ