Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МУТРИБ”

Рӯзи 12 марти соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мутриб” маҷлиси умумӣ баргузор шуд. Дар маҷлис кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Одиназода А.А. ва Мирханов О.Ш. иштирок доштанд. Маҷлиси мазкурро раиси ташкилоти ибтидоӣ Мусоев А.Қ. оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 мухтасар ахборот дод ва зикр намуд, ки аксарияти аъзои ҳизб дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявию умумишаҳрии баргузоршаванда, бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз  иштироки фаъолона доранд.

         Одиназода Абдулазиз оид ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии тамоми мардуми Тоҷикистон, муҳайё намудани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи забону фарҳангӣ тамоми ақалиятҳои миллӣ, сиёсати сулҳҷӯёна, хирадмандона, муттаҳидкунанда, созанда, бунёдкорона ва моҳияти муҳими таърихии фарҳанг ва забони миллӣ дар маҷлиси мазкур баромад намуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ