Hhdt | Shohmansur

ВОХӮРИИ НОМЗАД ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ №27

Рӯзи 14 марти соли 2019 дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии №27, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Билол Иброҳим баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода З.А., Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот –Қосимова Ф.Б. ва инчунин раисони ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ иштирок доштанд. Дар ин вохӯрӣ бо интихобкунандагон муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад, ки сарчашма мегирад аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳамзамон номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Билол Иброҳим дар назди интихобкунандагон баромад намуда, таваҷҷӯҳи сокинони маҳалларо ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, риояи талаботҳои санитарӣ, таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳои гуногуни террористиву ифротӣ ҷалб намуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ