Hhdt | Shohmansur

Ватан имрўзи мо, ояндаи мост!

Дар адабиёти халқи тоҷик тамоми шоирону мутафаккирон, олимону донишмандон дар осори безаволи хеш дар боби худшиносию ватанапарастӣ андешаҳои ҷолиб ва тарбиявӣ иншо намудаанд. Аз даврони шоирони Классик то имрӯзи миллат доираи олим ва донишмандеро во намехӯрем, ки ин мавзуро паси сар карда бошад.

 Асарҳои безаволи бузургони классик ба вижа “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ намунаи олии тарғиби худшиносию ватанпарастӣ мебошад. Фирадавсӣ  таъкид менамояд, ки шарти аввали ватандӯстӣ - худшиносӣ мебошад. Номаи шоҳон асарест, ки ҳазорсолаҳо то бад-ин қарн бе каму кост расидааст ва дар ин бора Ҳаким Фиравсии Тӯсӣ худ чунин мегӯяд:

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбанд газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Яъне андешаи волои Фирдавсӣ ин сухане аз боби худшиносию ватанпарастӣ мебошад. Ё Саъдиии муаллими ахлоқ,  Ҳофизи лисонулғайб, Мавлои Балх,  Бедилу Хоҷа Камол ва Ҷомии бузург дар ин боб волотарин андешаҳоро барои тарбияи насли имрӯзи миллати тоҷик ба ёдгор гузоштаанд.  Мавлоно Ҷомӣ дар боби ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ёди миллат, ёру бародар чунин фармудааст:

Фироқи бекасӣ як сӯ бувад доғи ватан як сӯ...

Пас аввалин нуќтаи худшиносиро бояд дар нињоди фарзанд падару модар талқин намоянд. Агар модар дар ин боб ба писар таъкиди модарона чанд гоҳ иброз дорад, ҳатман, ки дар гушаи хотир нақш мебандад ва гоҳу ногоҳ дар ҳолати бархурд бо афроди тақаллубкор таъкиди модарро аз ҳар гуфте, шубҳаовар аст, кимати  Модар, қадри Ватан, номуси ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллиро ҳифз ва боло мегузорад.

Вале ҷойи таасуф аст, ки имрӯз огоҳу ноогоҳ низ баъзан ба доми афроди тақаллубкор, тасодуфӣ ё манфиатхоҳе афтида ба ҳар роҳи нодуруст иқдом карда, аъмоли номатлуб содир мекунанд. Аксар фирефта мешаванд, вале мушоҳида ҳам ҳаст, ки гоҳо ҷавони ботафаккур ва ё бо истеъдоде низ дар роҳ қадам гузоштааст. Пас иллат дар чист?

Раванди пурталоми глобализатсия, таъсири омилҳои иҷтимоии беруна, бахше аз таблиғи пасипардагии нафарони манфиатҷу ба равия ва ҷараёнҳои мазҳабгаро, намоиши филмҳои мухталифи берун аз фарҳанги ахлоқӣ ва миллӣ, истифодаи бахшҳои мамнуи интернет, рекламаи беруна ё таъсири моделюрони либосҳои мухталиф, бепарвоӣ ё камаҳамиятии волидон ё аҳли ҷомеа нисбат ба бунёд ва ташаккули тафаккури миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон ва наврас ин ва як зумра омилҳои дигар амсоли ин метавонанд фазои имрӯзро дар нуқоти холимонда ҷойгиркунанд ва доман паҳн карда, дар бунёди тафаккури миллӣ дар давраи хеле ҳассоси ватансозӣ халал ворид намоянд.

Дар ин росто андешаи Пётр Столипин муносиби ёдоварист: “Миллате, ки дорои руҳияи худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳанд шуд”.  

Воқеан ҷомеаи муосири мо имрӯз бо тарғиби арзишҳои миллӣ, ба ҳифзи арзишҳои ватандорӣ, баланд бардоштани эҳсоси гарми меҳанпарастӣ дар ниҳоди насли ҷавон, худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, номуси ватандорӣ ва амсоли ин дар ҷойҳо, дар корҳо, дар ҳамоишҳои зиёд ин равандро тарғиб ва татбик доранд, аммо ҳанӯз ҳам нуқтаи олии меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ, номуси ватандорӣ ва ба андозаи ҷон садоқат ба ватану миллат ва арзишҳои фитрии инсони комили ватандӯст ниёз ба ташаккул ва тақвият дорад, то давлати миллиро бо бунёди тафаккури миллӣ устувор намоем, ки ҳазорсолаҳо барои миллати тоҷик хидматгузор бошад.

 


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ