Hhdt | Shohmansur

Ташкилоти ибтидоии «Баҳодеҳ» таъсис ёфт

Тибқи нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  баргузор гардид.

      Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси муассисонро бо ироа намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои  ҲХДТ оғоз бахшида, ба нафароне, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда ба сафи ҲХДТ пайвастаанд дар ҳолати тантанавӣ шаҳодатномаҳои  ҳизбиро супорид. Сипас аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар   Корхонаи воҳиди давлатии баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкилоти ибтидои таъсис дода шуд. Бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Баҳодеҳ” номгузорӣ гардид. Бо дастгирӣ ва пешниҳоди аъзоён Исматов Юсуф Қудратович- раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳодеҳ” ва Ҳакимов Хол Самандарович – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

       Дар фарҷоми маҷлис  Исматов Юсуф Қудратович – директори корхона, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад карда, зикр намуд, ки  дастгирии сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақсад ва мароми ҳар як нафар аъзои ҳизб ба ҳисоб меравад. Кӯшиш менамоем, ки дар баробари фаъолияти худ барои пешрафт ва тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ саҳи худро мегузорем.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ