Hhdt | Shohmansur

СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ САМТИ АФЗАЛЯТНОКИ БАРНОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Атрофи мавзӯи “Соҳаи тандурусти самти афзалятноки Барномаи ҲХДТ мебошад" дар Маркази шаҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим иштироки Изатуллоҳи Ҳабибзод-муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва бо Ҳамидова Фарангис-Директори Маркази шаҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим вохурӣ гузаронида шуд.

Изатуллоҳи Ҳабибзод-муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нахуст ҳамаи ҳозириниро, ки зери таасуроти неки тантанаҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорад аз номи Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур самимона табрику муборак гуфт.

Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Сипас аз дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар баҳри пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ёдрас шуда, бо шукргузорӣ аз оромиву суботи Ватан ҳамагонро баҳри ободии имрӯзу фардои ин сарзамин даъват карда шуд. Дар баробари дастовардҳои назаррас аз мушкилиҳои асосии дар ҷомеа ҷойдошта, вайроншавии оилаи ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои тундгаро низ қайд карда шуд.

Дар идома гуфта шуд, ки ҳар як нафарро лозим аст, ки барои амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳм гузоранд.

Дар замоне, ки ҷомеаро идеологияву иттилоот идора мекунад, ҳалли ҳар гуна мушкилиҳо ҳам тавассути ин ду омил бояд ба роҳ бояд монда шавад. Таъкид бояд карда шуд, ки фирефтаи ин ҳама ҳангомабофиву ҳарзагуии душманони атроф нашудаа, ба атроф бо диду назари таҳлиливу созанда бояд назар кард, зеро заҳмату талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба он равона шудааст, ки ҷомеа маърифат омӯзаду ҳар як ҳодисаву воқеаи замони муосирро аз диди хираду заковат баҳогузорӣ намоянд, зеро ояндаи дурахшонро танҳо заковату идроки созанда бунёд мекунаду халос.

Дар фаромади вохӯрӣ кормандони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба саволҳои сершумори худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ