Hhdt | Shohmansur

ҚАНОАТМАНДИИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛ

Мутобиқи моддаи 14- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия” дар ҳудуди участкаи интихоботии № 25-иноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сокинону интихобкунандагон вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои набзи ҷомеа пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби терористию экстремистӣ, хурофотпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи марзу буми Ватан, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, ҳифзи генофонди миллӣ, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафмандонаи барномаҳои ҲХДТ, инчунин, одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи “Маромномаи сокини пойтахт” ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мулоқоту вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҳисоботи вакил оид ба иҷрои дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноатӣ ва ободонию бунёдкорӣ бо таҳлилҳои оморӣ манзур карда шуд.

Ҳамзамон оид ба татбиқи ҳадафмандонаи қонунҳои амалкунанда “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” нутқ рафт ва дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Дар интиҳо интихобкунандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, аз кӯмаку дастгириҳо ва иртиботи мунтазами вакил бо интибкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ