Hhdt | Shohmansur

СОАТИ СИЁСИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ “ ҚОНУНГУЗОРӢ ” ДАР МАВЗӮИ: “ДУШАНБЕ МАЪВОИ МЕҲР ВА ХОНАИ УМЕДИ ДУШАНБЕ”

Дар ташкилоти ибтидоии зикрёфта соати сиёсӣ доир гардид, ки дар он ҳамаи кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон иштирок намуданд.

Нахуст Ҳамидзод Мануҷеҳр – муовини раиси ТИ «Конунгузорӣ» - и Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт, ки Душанбе шахри калонтарин, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди Инкилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна таксимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халкҳои минтака ба давлатҳои хурди миллӣ таксим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд. Шаҳр комат афрохта кабои рангин ба бар кард. Хонаҳои серошёна, касру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иктисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо, аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобик гашта, дар ҷорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Курбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар макоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён ҷун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.

Дар идома, Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қайд намуд, ки имруз Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатию миллӣ ба даст овардааст, ки барои халки тоҷик хушбахтии ниҳоят бузург аст. Акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳоло дар Душанбе мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон сафоратхонаҳои худро кушодаанд. Ин омил дар ояндаи наздик сабаби он мегардад, ки обрўи Душанбе дар арсаи байналмилалӣ хеле боло равад.

Халки тоҷик дар тӯли таърихи ҷандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи оламиён буданд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо бокӣ мондааст.

Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамҷун давлати мустакилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустакилу комилҳукук мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки ба кадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барк, боғу дарахтзор, гулбоғу ҷаманҳо, роҳ, наклиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳу зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро ҷароғи сидку сафоро фурӯзон нигоҳ дорем. Инчунин, оид ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи “Маромномаи сокини пойтахт” ва ҳифзу нигоҳдории фарҳанги миллӣ нутқ кард.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ