Hhdt | Shohmansur

СОАТИ СИЁСӢ ДАР МАҲАЛЛАИ НИСОР МУҲАММАД

3 майи соли 2019 дар такшилоти ибтидоӣ маҳаллаи “Нисор Муҳаммад” соати сиёсӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро раиси ташкилоти ибтидоӣ - Зарина Ҳоҷиева оғоз намуда, ба ҳозирин кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Одиназода Абдулазиз, Қонунова Сафармоҳ ва Оишамоҳ Раҳимоваро шинос намуд.

Дар ин ҷамъомад Одиназода Абдулазиз ба ҳозирин ба таври мухтасар оид ба воқеаҳои солҳои 90 – ум, оқибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию маънавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, қабули сохтори нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, сиёсатӣ хирадмандона, сулҳҷӯёна, бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баъд аз созишномаи Ваҳдатӣ миллӣ, нақши занон дар пойдории сулҳу ризоияти ҷомеъа, пешгирӣ аз воридшавии фарҳанги бегона ва сару либоси миллӣ чун ҷузъиёти фарҳанги миллӣ баёни андеша намуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ