Hhdt | Shohmansur

Вохӯрии ру ба ру дар маҳаллаи Чиноро 2

Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оиди баргузории вохӯриҳои  рӯ ба рӯ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, таблиғи дастовардҳои даврони Истиқлолият дар маҳаллаи “Чиноро 2” вохӯрии ру ба ру бо иштироки Пайшанбиева Давлатхотун - мутахассиси шуъбаи ташкили ва Салимов Умед - мутахассиси бахши таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисон баргузор гардид.    

     Дар доираи  мавзуи муҳаббат ба ин ватану ин  сарзамин ва шукргузорӣ аз даврони  соҳибистиқлолӣ, пос доштани таърихи диёри куҳанбунёд ва нақши модарону занон дар талқини меҳру муҳаббат нисбати ин сарзамин бо сокинони маҳалла суҳбат ороста шуд.

      Барои сарсабзии ин ватан моро мебоист  ҳама сарчамъ бошем, барои ободии ин сарзамин дилгарм бошем, бар хилофи ин ҳама душманҳо бо ҳам биёему фарри тоҷикона бар сар биниҳем, то барои ояндагон фардои обод бунёд намоем.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ