Hhdt | Shohmansur

Маҳфил-озмуни “Васфи Душанбе” ҷамъбаст гардид

 Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур байни таълимгирандагони боғчаҳои ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ”Рӯзи Пойтахт” маҳфил-озмуни “Васфи Душанбе” доир гардид. Озмуни мазкур барои мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, дар рӯҳияи ватандустӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдустӣ, таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, дар ниҳоди  насли наврас бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва барои дар сатҳи баланд  таҷлил намудани “Рӯзи  пойтахт”  роҳандозӣ гардида буд.

       Пойтахти кишвар - Душанбе шаҳрест, ки дар зебогӣ ҳамто надорад. Ҳама аз хурд то калон шайдои ин шаҳранду бо меҳру муҳаббат зиндагӣ мекунанд. Чун ба ҳар гӯшаи шаҳр по мениҳӣ, таманноҳои хуш ва хотироти дилангез вуҷуди касро  фаро мегирад ва меҳру муҳаббат, садоқат, ҳаваси ҳар инсон ҳам аз боиси зебогии шаҳри Душанбест.  Зебогии манзараҳои ин шаҳри дилоро бо вожаву ибораҳои истифоданамудаи «зебо», «рӯҳафзо», «шӯх», «пайвандсози дилҳо», «мастона», «ҳамранги  орзуҳо», «гесувони зебо», «мушкилкушо» буданаш касро сӯйи худ мехонанд.

      Озмун дар миёни даҳ кӯдакистони ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар ду давр баргузор гардида, даври якум дар доираи ҳар як кӯдакистон доир гардида, ғолибон ба даври дуюм  пешниҳод гардиданд. Ба маҳорати иштирокчиёни озмун ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. 

    Иштироккунандагон дар васфи мақоми, гулкориҳои шаҳри дилрабо    табиати зебои он шеърҳо қироат намудаанд. Дар баробари баромади иштироккунандагон, инчунин барномаи фарҳангии омоданамудаи масъулони Боғчаи №67 табъи ҳозиринро болида намуданд.

    Дар натиҷа ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуданд.  Ғолибони озмун дар Фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

       Мақсад аз баргузории чунин маҳфил-озмунҳо расидан ба қадру манзалати ваҳдати миллӣ ва истиқлоли кишвар ва пойдории он буда,  дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.”


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ