Hhdt | Shohmansur

Дарси навбатии мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат ” бо иштироки Назирӣ Латофат- Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дарси навбатии мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” бо ибтикори Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки Назирӣ Латофат – Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Сафарзода  Эҳсон-котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дарси “Бонувон дар сиёсат”-ро Изатуллои Ҳабибзод муовини раис-роҳбари дастгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳамаи шунавандагонро аз номи Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба муносибати ҷашнҳои дар пешистода самимона табрик гуфт. Сипас Сафарзода Эҳсон котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагон дарс гуфт. Дар идома Назирӣ Латофат – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боби ифтихори ватандориву эҳсоси баланди худшиносии миллӣ,  эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни ҳазорсола, посдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақои Ваҳдати миллӣ бо ҳозирин сӯҳбат намуд.

Дар замоне, ки ҷаҳонро илму техника идора мекунад, моро мебояд ҳар чи ба илмҳои замон рӯ орему аз тамаддуну мероси гузаштагон таҷриба гирем, то фардои неки ин сарзаминро баҳри ояндагон ба мерос гузорем-қайд намуданд дар суҳбаташон  ба ҳамагон Назирӣ Латофат – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар анҷоми дарс Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бори дигар таъкид намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар замоне хатари манфӣ таҳдид мекунад, моро ҳар чӣ бештар зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз неъмати арзиштарин барои инсон Истиқлолияту озодии миллӣ  ҳамеша дифоъ намоем.

Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба Назирӣ Латофат-муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарси пурмӯҳтавояшон изҳори миннатдорӣ намуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ