Hhdt | Shohmansur

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ – РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Рӯзи 8-уми майи соли равон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз фаъолияти Маркази касбомӯзӣ, забономӯзӣ, сартарошхона ва китобхонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, ки моҳи сентябри соли 2018 бахшида ба эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ифтитоҳ гардида буд, дидан намуданд. Ҳамзамон аз дастовардҳои меҳнатии ин марказ дар давраи начандон тӯлонии фаъолияташ ошно гардид. 
Мавриди зикр аст, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ ҳунармандон - мутахассисон ба ҷавондухтарони маҳаллаи Бадахшон 1 ва Бадахшон 2 касби поракунӣ ва дӯхтани либосҳои миллиро меомӯзанд.
Ҳамзамон барои 16 нафар наврасон дар як баст омӯзиши забони англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. 
Ҷиҳати ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаи маркази зикргардида, чораҳо андешида шуда истодааст. Инчунин барои самтҳои дигари фаъолияти марказ корҳои зарурӣ, ҷиҳати ҷалби мутахассисон барои фаъолият дар марказ идома дорад. 
Бояд иттилоъ дод, ки Маркази касбомӯзӣ, забономӯзӣ, сартарошхона ва китобхонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ гардида аст. 
Ҳадафи аслии ифтитоҳи маркази мазкур омода намудани ҳунармандони моҳир, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер дар маҳаллаи Бадахшон 1 ва Бадахшон 2 мебошанд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ