Hhdt | Shohmansur

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НАВОВАРИ ҶАВОН”

Дар ташкилоти ибтидоии “Навовари ҷавон” чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба Иди Ғалаба бо иштироки Муовини раис – роҳбари дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод баргузор гардид.

Изатуллои Ҳабибзод дар чорабинии мазкур баромад намуда, оид ба саҳми назарраси мардуми Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамониҳои онҳо дар таъмини ғалаба  андешаронӣ намуд. Ҳамзамон ӯ ҳозиринро бо Иди Ғалаба табрику муборакбод намуда, дар ҷамъомади мазкур ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои хотиравии моддӣ ва молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансуро супорид. Ташкилоти ибтидоӣ “Навовари ҷавон” табъи иштирокчиёнро бо чорабиниҳои фарҳангӣ болида гардонид.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ