Hhdt | Shohmansur

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ РИСОЛАТИ СОКИНОН

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонони фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди Муассисаи истифодабарандагони манзил №5 ноҳияи Шоҳмансур ба ҳашари умумӣ баромада, алафҳои худруйро дарав карда,  гирду атроф, муҳити зист ва фазои экологиро тозаву озода намуданд. Бо ёрии мошинҳои боркаши Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур алафҳои худруй ва партовҳоро ба ҷойҳои махсуси безарар интиқол доданд.

Дар шанбегии умумӣ, ки ҷавонони фаъоли ҳизбӣ ба ҳашари созандагию ободонии пойтахт баромаданд, кӯчаву роҳрав, майдончаи варзишӣ, мандончаи бозӣ барои наврасону кӯдакон ва боғчаи истироҳатиро тозаву озода намуданд ва ин раванди бунёдкорӣ то истикболи ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ идома меёбад. 

Баргузории ҳашарҳои дастаҷаъмона барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ба корҳои ободониву кабудизоркунии гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ мусоидат мекунад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ