Hhdt | Shohmansur

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумхурии Точикистон то соли 2020 (минбаъд Стратегия) ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад ва чавобгӯи афзалиятҳои асосии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.

         Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Стратегия барои даҳ сол пешбинй шуда, то соли 2020 тахмин менамояд ба мақсадҳои худ ноил гардад. Интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танхо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди ҳаёти ичтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷчатҳои расмй ошкор гардидаанд, асос ёбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат руй медихад, ба инобат гирад ва пешбинй намояд.

         Дар Паёми Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад.».

Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатй буда, яке аз омилхои асосии таъмини рушди давлат ва чомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанй ба вазифахои ҳифз,

рушд ва эҳёи кишвар алокаманд буда, вориси таърихй ва фарҳангий бошанд.

         Суботи сиёсати давлатии чавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад.

         Сиёсати давлатии чавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионй ва истеҳсолй буда, нерӯи меҳнатӣ ва эчодии ҷавононро инъикос менамояд.

         Татбиқи сиёсати давлатии чавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатхо барои аз чониби чавонон интихоб гардидани роҳи зиндагй, худтатбиқнамоии шахсииҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст

Мақсади сиёсати давлатии чавонон аз рушд ва татбиқи нерӯи чавонон манфиатҳои Тоҷикистон иборат мебошад. Сиёсати давлатии чавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди ичтимоию иқтисодӣ, дар асоси принсипҳои зайл таҳия ва татбиқ мегардад:

         - муайян намудани самтҳои афзалиятнок;

         -  ба инобат гирифтани манфиат ва талаботи гуруҳҳои мухталифи ҷавонон;

         - иштироки ҷавонон дар таҳия ва татбики самтҳои афзалиятноки сиёсати давлагии ҷавонон;

         -  ҳамкории мутақобилаи давлат, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандй ва намояндагони бизнес;

         -  шаффофияти иттилоот;

         - мустақилият ҷиҳати баҳодиҳии натиҷаҳои Стратегия.

Бо дарназардошти миқёси вазифаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд ва махдудияти вокеии захираҳои рушд бояд чунин самтҳое афзалиятнок зътироф гарданд, ки метавонанд фароҳам овардани шароитро барои ба иҷтимоиёт ҷалб гардидани ҷавонон ва худтатбиқкунии самарабахши онҳоро таъмин  намояд, инчунин имконият диҳанд, ки ҷавонон проблемаҳои мавҷударо мустақилона ва судманд ҳал кунанд. Чунин муносибат ба беҳбудии сифати зиндагии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ ба рушди кишвар мусоидат хоҳад кард, ки ба ҳам алокаи ногусастанӣ доранд. .

Стратегия дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муносибати лоиҳавиро ба сифати асос баррасй карда, онро мутобиқи се афзалиятҳои дар боло зикргардида муайян мекунад.Стратегия мақсад ва нишондиҳандаҳои асосии ҳар як лоиҳаро муайян менамояд. Мӯҳтавои мушаххаси онҳо аз ҷониби худи ҷавонон ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил гардида, амалй менамоянд. Ҳамин тавр, ҳар кадом лоиҳа фаъолияти лоихдвй ва инноватсионии ҳамон ташкилот ва иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон ва ташаббусҳоро муттаҳид месозад, ки метавонад намудҳои беҳтарини татбиқро пешниҳод намояд ва он усули нисбатан самарабахши ноил гардидан ба мақсадро таъмин месозад.

Барои ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳалли масъалаҳои муайяннамудаи Стратегия фароҳам овардани шароити ташкилию ҳуқуқй ва моддию молиявй талаб карда мешавад, ки имруз чунин заминаҳои устувор аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гаштааст.

Мо ҷавонон бояд одобу ахлоқи намунави дошта бошем ва дар навбати худ вазифадорем, ки ба омузиши илм ва касбу ҳунар рағбат намуда, мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат шуда, ба Ватан чун фарзанди содиқ хидмати софдилона ва содиқона намоем.   

 

Мутахассиси бахши таҳлилӣ                                           

ва омодасозии мутахассисони                             Салимов У.М.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ