Hhdt | Shohmansur

ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СИЁСӢ-ҲИЗБӢ ВА ТАРҒИБИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ БОСУРЪАТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Дар ташкилоти ибтидоии “Варзиш”-и Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш соати сиёсӣ доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо ҳайъати кормандону ҳамсафони ҲХДТ мулоқот намуда, иброз дошт, ки яке аз самтҳои асосии дастгоҳи идеологии давлату Ҳукумати кишвар ва тарғибгари барномаҳои ҲХДТ телевизион маҳсуб мегардад.

Тарғибу татбиқи сиёсати бахши варзишӣ, солимгардонӣ ва тарғиби оммавигардонии варзиш дар ҷомеа, тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзуҳое буданд, ки Зулфиқор Аҳмад нутқ карда таъкид дошт, ки бунёди ҷомеаи солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, нигоҳ доштани субботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як узви ҲХДТ мебошад. Ва ба ин васила мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дар пеш истодаро бо масъулияти баланди сиёсии ҳизбӣ муваффақона анҷом диҳем. Инчунин, бобати омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид кард.

Дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбии раиси ташкилоти ҳизбӣ бинобар сабаби иваз шудани ному насабав аз нав супурда шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ