Hhdt | Shohmansur

ВОХӮРИИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД БО ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР 


Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо вакилоне, ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъвати панҷум мақоми вакилӣ гирфта, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур гардиданд, вохӯрии судманд анҷом дод. 
Дар вохӯри вобаста ба масоили фаъолияти вакилӣ, татбиқи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам нутқ рафт. Зикр шуд, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар кишвар дар идоракунии сиёсии давлат бо амалӣ намудани барномаҳои худ дар сафи пеши созандагони Ватан қарор дорад. Ин масъулияти баланди сиёсӣ ва ҳизбию вакилии мову шумост, ки дар солҳои минбаъда низ нуфузу мақоми ҳизбро дар ҷомеа беш аз пеш густариш дода, бо пешниҳоди барномаҳои нав, самарабашх ва ба манфиати халқу Ватан фаъолият намоем. 
Дар ҷараён вакилони шаҳрӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба фаъолияти вакилӣ ва татбиқи барномаҳои пешазинтихоботӣ гузориш дода, инчунин, бобати беҳтар кардани фаъолият, густариш бахшидани равобити вакилон бо интихобкунандагон, омодагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол намудани ин ҷашни фархунда, вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дастуру ҳидоятҳо ва таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.
Таъкид шуд, ки беш аз пеш корро дар ҷомеа, миёни мардум бо интихобкунандагон вусъат бахшида, бо нерӯи нав ва барномаву ташаббусҳои созанда дар сангари ватансозӣ баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, устувории нуфуз ва мавқеъи ҲХДТ дар ҷомеа ва сазовор шудан ба эътимоди комили интихобкунандагон пайкори созанда дошта бошем.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ