Hhdt | Shohmansur

Маҷлис дар ташкилоти ибтидоии “Дирексияи сохтмонӣ”

     Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад,  муовини директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадбекзода Юсуф ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд. Дар рафти суханронӣ Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад  бо аъзоён дар бораи масъулияти баланди ҳизбӣ ва нақши асосии идеологияи ҳизбӣ ибрози андеша карда, аз ҳозирин барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард.

       Инчунин дар маҷлиси умумӣ ба 30-нафаре ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дохил шуда, масъулияти баланди ҳизбиро ба уҳда гирифтанд, дар ҳолати тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ