Hhdt | Shohmansur

Ватан

Эй Ватан мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам ватан ҳасти бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндаги кардан бас аст.

Соҳибватан будан неъмати бебаҳои дунявӣ мебошад. Боигарии инсон дар ин ҷаҳон худ ватандорист. Зери мафҳуми  Ватан – 1.ҷои таваллуд ва нашъунамо, зодгоҳ, меҳан, ҷои баромаду пайдоиши чизе. 2. Ҷои истиқомат, манзил, макон, маскан. 3. Диёр, сарзамин, кишвар, мамлакат фаҳмида мешавад. Ватандорӣ насиби ҳама  намешавад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки  мо чи мардуми хушбахтем, ки дар ин давру замон Ватандорем. Ватане дорем, ки рӯз аз рӯз  зебову шукуфон , рӯз то рӯз рушду нумӯ намуда  истодааст. Шукрона бояд кард, ки мо бо хотири ҷамъ дар кӯчаву роҳҳо бо дили пури хеш, бетарсу ваҳм қадам мезанем. Фикри худро дар ҳама ҷо озодона баён менамоем. Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки мо Ватан дорем. Барои ҳамин ҳам ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бетарафӣ кардан лозим нест. Ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ ва ҳимояи марзу бум вазифаи ҳар як соҳибватан аст. Пойдории давлати мо аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ба харобазор табдил додани Ватан ё ин ки гул-гул шукуфоии Ватан дар дасти худи мост. Пас чаро ободаш накунем? Чаро барои ободии Ватанамон мусоидат накунем?

Батараф будан ҳалли кор нест. Чи хеле ки устод Абулқосими Фирдавсӣ гуфтааст:

           Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

           Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Гузаштагони мо низ аз замонҳои пеш маълум аст, ки Ватанро муқаддас дониста, ҳимояи онро аз ҷони худ боло донистаанд. Шоирону нависандагони мо, аз ҷумла Ҳ.Юсуфӣ, М.Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон Ватанро ситоиш намуда, муқаддас будани он ва дар ҳимояи доимӣ тайёр буданро таъкид намудаанд. Дар кадом давру замоне набошад, Ватан ватан аст! Бояд мо фаромӯш насозем, ки беватан ҳеҷ ҳастем.

Ҳаматарафа густариш бахшидани худогоҳиву худшиносии миллӣ, ҳисси ватандориву ватандӯстии мардум ва баланд бардоштани малаки сиёсиву ҳуқуқи аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонон ҳадафи ҳар як миллату Ватан аст. Хусусан ҷавонон нақши асосиро дар пойдории ватану миллат мебозад.

 Хулоса, мардуми мо пас аз ҳазорсолаҳои бедавлатӣ соҳибватан, яъне соҳиби давлати мустақил гардидаанд. Ин барои миллат бахти баланд ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Бо боварии комил мегӯям, ки мо бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ метавонем истиқлолияти давлатии худро нигоҳ дорему Ватанро боз ҳам зеботару обод гардонем.

Мутахассиси бахши таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур:  Шодиева Ҷамил


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ