Hhdt | Shohmansur

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР БЕМОРХОНАИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 16 августи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  Шоҳмансур – Гулаҳмадзода З.А., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” – Латифзода А. ва сардухтури беморхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон – Рустамов С. ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи табибон” баргузор гардид.

         Дар ҷамъомади мазкур Гулаҳмадзода З.А. баромад намуда, оид ба сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи тандурустӣ дар давраи соҳидистиқлолии кишвар ва дар се соли оянда, нақши табибон дар рушди соҳаи тиб ва хизматрасони ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, кормандони соҳаи тибро бо “Рӯзи табибон” табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятиашон бурдбориҳо таманно намуд.

         Дар фарҷом Гулаҳмадзода Зулфиқор ба фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансуро супорид.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ