Hhdt | Shohmansur

ҲАМОИШИ ТАБИБОНИ МУАССИСАҲОИ ТИББИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Рӯзи 16 августи соли 2019 мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши табибони муассисаҳои тиббии ноҳияи шоҳмансур таҳти унвони “Ворисони арзандаи Абӯали ибни Сино” баргузор гардид.

         Ҷамъомади мазкурро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Гулаҳмадзода З.А. оғоз намуда, ҳозиринро бо меҳмонони даъватгардида шинос намуд. Мавсуф дар баромади худ оид ба сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тандурустӣ ибрози андеша намуда, табибонро бо ин Иди саиди касбиашон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пуршараф ва масъулиятнокашон бурдбориҳо таманно намуд. Баъдан ӯ риштаи суханро ба меҳмони олиқадри ҷамъомад муовини Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дод.

         Муовини Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодихон Ҷамшед дар баромади худ оид ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи тиб баёни андеша кард. Ӯ инчунин ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муаррифи намуд ва иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Сипас дар ин ҷамъомад мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Амробекова Руқия баромад намуда, кормандони соҳаи тибро аз номи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб табрику муборакбод намуд.

Дар фарҷом КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аъзоёни фаъоли ҳизбро, ки дар муассисаҳои тандурустӣ фаъолият доранд бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои моддӣ қадрдони намуданд.

Ҷамъомади зикргардидаро муовини раис – роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Изатуллои Ҳабибзод ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бори дигар бо Иди касбиашон табрику муборакбод намуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ