Hhdt | Shohmansur

ҲАМА ФАРЗАНДҲОИ БОФАҲОИ ИН ВАТАН БОШЕМ

Рӯзи 14 сентябри соли 2019 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбасти бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аёдати волидайни сарбозоне, ки аз шаҳри Панҷакент дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбиро анҷом додаистодаанд ба роҳ монд.

         Нахуст ҳайати меҳмонон ба волидайни сарбозонро дар даромадгоҳи қисми ҳарби 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва қисми ҳарбӣ ба ҳузур пазируфтанд. Аз ҷониби оркестори нафасии қисми ҳарбӣ ва сарбозони шуҷоу далер намоиши ҳарбикунонидашуда пешкаш карда шуд.

         Сипас тибқи барнома қисмати сиёсии чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдуалимов Баҳром Абдулазимович – вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурзода Мурод – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва муовини камандири 02615 доир гардид.

         Чорабинии мазкурро Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми НБО “Роғун” самимона табрик намуд.

         Сипас ҳайати меҳмонон ба волидайни сарбозонро барои ташриф оварданашон ба дидорбинии сарбозон хайрамақдам гуфт. Дар идома зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфармондеҳи оллии қуваҳҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит дар қисмҳои ҳарби беҳтар гардида барои оби тоби бадан ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯсти ва ҳивзи якпорчагии марзу буми Ватан, мактаби тарбияи шахсияти комил гардидааст.

         Дар идома Шукурзода Мурод – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент суханрони намуда, нахуст ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои позироии самимиашон изҳори минатдори баён намуд. Зикр дошт, ки ҷавонони бо нангу бо номус ва ватандӯсти шаҳри Панҷакент ҳамасола бо оғоз гардидани маъракаи даъвати наваскарон ба сафи артиш ихтиёран бо амри дил ба қисмҳои ҳарби ҳозир мешаванд. Имрӯз низ дар қисми ҳарбии 02615 ҷавонони ба ору номуси шаҳри Панҷакент адои хизмати Модар – Ватанро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

         Дар чорабии мазкур Абдуалимов Баҳром Абдулазимович – вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, руҳандози намудани дидорбинии волидайнро аз қисмҳои ҳарбӣ иқдоми саривақти ва дастгирии ҳамаҷониба унвон кард.

         Гуфташуд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити хизмат дар сафҳои қувваҳои Мусалаҳ аз ҷониби давлату Ҳукумату Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста татбирҳо андешида мешаванд умедвории зиёд карда шуд, ки сарбозон хизмати Модар – Ватанро софдилона адо намуда, ба назди волидайни худ мераванд ва аз шароити хизмати ҳарбӣ ва дастгирию ғамхориҳо ба насли ҷавон корҳои таблиғоти ва фаҳмондадиҳиро доир менамоянд.

         Дар фаромади қисми сиёсии чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.

         Баъди анҷоми қисмати сиёсии чорабии мазкур меҳмонон ва волидайн аз шароит ва буду боши сарбозон аз ҷумла хобгоҳ, майдончаи варзиши, синфхонаи дарсомӯзи, бунгоҳи тиббӣ дидан намуданд.

         Қисмати чорабинии фарҳангиро Лола Азизова – ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент, донишҷуёни Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, тарбиягирандагони филармонияи бачагонаи Тоҷикистон ва донишҷуёни Колеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов бо ҳунарнамоии худ рангин намуданд. Сипас дар ошхонаи қисми ҳарбӣ дидорбинии сарбозон бо волидайн доир гардид.

         Роҳадозӣ чунин иқдомҳо барои мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарбозон, ҳивзи марзу бум, мустаҳкам намудани пойдевори Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ихтиёран ба сафи артиши миллӣ омадани ҷавонон мусоидати фаъол менамояд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ