Hhdt | Shohmansur

Хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” бо иштироки вакилони мардумӣ

   Дарси навбатии “Бонувон дар сиёсат” дар толори маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти ҶТ бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдуалимов Баҳром – вакилди МНМОҶТ, Содиқзода С.-  вакилди МНМОҶТ, Зуҳурова З.- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонова Ш.- раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар н.Шоҳмансур ва Бобоева Н.- раиси ТИ “Нақлиётчӣ”  баргузор гардид.

Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳузури шунавандагони дарси хониши сиёсӣ баромад карда зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чунин дарсҳо  баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва маҳорати суханварӣ, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» роҳандозӣ карда шудааст.

   Дар идомаи хониши сиёсӣ  меҳмонон   баромад карда,  дар бораи таъсири сухани зан модар дар тарбияи насли наврас, дар корхонаву идора ва идоракунии давлатӣ, оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ  баромади пурмуҳтаво  карданд. 

 Дар идомаи хониши сиёсӣ бонувон  оид ба баромадҳои ироагардида  фикру мулоҳиза ва саволу пешниҳодот намуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ