Hhdt | Shohmansur

Вохӯрӣ бо вакилони мардумӣ

       Барои иҷрои бандҳои 283 ва 284 – и дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо  дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ҷамомад бо сокинони маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2 ва  Чехов бо вакилони мардумӣ доир гардид.       

      Дар вохӯрӣ Абдуалимов Баҳром Абдулазимович – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳрӣ Наҷмиддинов Манучеҳр, Ҳоҷиева Зарина ҳамзамон вакилони ноҳиявӣ Ашрапова Сайёра, Шарифӣ Далер, Воҳидова Бибираҷаб ва Муҳаммадҷонова Гулнора иштирок намуданд.

      Нахуст Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлисро кушода иштирокчиёни ҷаммомадро бо таҷлили идҳои кишвар 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун табрику таҳният намуд. 

    Абдуалимов Баҳром Абдулазимович – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз қабили таҷдиду азнавсозии роҳҳои байналмилалӣ ва ба истифода додани чандин корхонаву муассисаҳои таълимӣ ҳамзамон оид ба чор ҳадафи стратегии кишвар ибрози андеша намуд. Дар идомаи маҷлис вакилони мардумӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзазоркунии роҳраву боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби сокинони маҳаллаҳо бо вакилон мубодилаи афкор сурат гирифт.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ