Hhdt | Shohmansur

БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ “ТАШКИЛОТИ БЕҲТАРИНИ ҲИЗБӢ”

Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  маросими ҷоизасупории озмуни ”Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4-уми декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” баргузор гардид.

      Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизбии  Халқии Демократии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2019 ва қарори Маҷлиси Раёсати васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз 21.06.2019 №4 ҷиҳати пурзур намудани самти фаъолияти сиёсии Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур, Низомномаи “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” таҳия гардид.

         Тибқи Низомномаи озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” озмуни мазкур аз рӯи 10 номинатсия доир гардида, ғолибо бо ҷоиза, диплом ва тӯҳфаи молиявӣ қадрдонӣ гардиданд.

         Зикр бояд кард, ки дар маросими ҷоизасупории озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” ҳунармандони маҳбубу шинохта Исмоил ва Соҳиб Назриевҳо, Ҷамшед Исмоилов, Баҳром Ғафурӣ, Дилшоди Файзулло, Зафар Абдуаллимов, Фотима машрабова, Ансамбли камеравии “Садо”, ансамбли рақсии “Зебо” ансамбли академии театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Рухшона Умарова ҳунарнамоӣ намуданд.

    Мақсад аз баругзории озмуни зерин бобати боз ҳам устувор гардонидани  мавқеъ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар  дар корхонаю муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо, тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ дар маҳалли зист ва ҷалби ҳарчӣ бештари  сокинони  шаҳраку маҳаллаҳо, хусусан ҷавонон ва занон ба  ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарназардошти Оиннома, Барнома, қарорҳо Анҷуманҳо, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон мебошад.

Қабл аз оғози мросими зикргардида, намоиши аксу мусаввараҳо ва асарҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърази дид гузошта шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ