Hhdt | Shohmansur

ГУРӮҲИ КОРӢ БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МАХСУСАН КОРОНАВИРУС ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОДАНД

Бо иштироки Ҷурахонзода Ҷамшед Ҷурахон - Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутасаддии Ҳукумати мамлакат оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Билол Иброҳим-Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Султонзода Зебонисо - Роҳбари гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Қосимов Солеҳ,намояндаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Ҷӯраева Нигина ва намояндагони соҳаи тандурустӣ ва дигар шуъбаву муаасисаҳои марбута дар ҳудуди Муассисаи истифодабарии манзил 3 вохӯрии гуруҳҳои корӣ оид ба вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба ҷатлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тадбирҳои беҳдоштӣ бобати пешгирии сирояти нави COVID-19, худдорӣ намудан аз ҳолатҳои ғайримавриди гашту гузор дар кӯчаҳо, риояи талаботи санитарию эпидамиологӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, тоза нигоҳ доштани вазъи экологӣ ва атмосферӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ва амсоли ин вохӯриҳои манфиатбахш сурат гирифт.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ