Hhdt | Shohmansur

АКСИЯ: ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНОВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД

Дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояти нави короновирус COVID-19, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ, Чиноро 1 ва Шоҳмансур-1 аксияи таблиғотӣ миёни хонандагону устодон ва сокинон гузаронида шуд.
Ҳамзамон Вализода Муҳаммад мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагию ободонӣ, итифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо хонандагон суҳбатҳои манфиатбахш доир намуд.
Дар аксияи зикргардида беш аз 200 адад буклету варақаҳои маълумотӣ оид ба пешгирии COVID-19 ба иштирокдорон дастрас гардонида шуд.
Қобили тазаккур аст, ки маводҳои маълумотӣ бо сарпарастии ҶДММ "Сарманзил" ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муродов Маҳмудҷон Амонҷонович бо беъдоди лозимӣ нашр гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо тақсим карда мешаванд


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ