Hhdt | Shohmansur

ГУРӮҲИ КОРӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ РОҲИ ОҲАНЧИЁН ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОДАНД

Бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарони сохторҳои ноҳия аз ҷумла Каримзода Матлуба Латиф-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, Гулмуродзода Қудратулло - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур, Шерова Робия-мудири бахши кор бо занони ноҳияи Шоҳмансур, Ҳомидзода Насим-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур, Зайдуллоев Қ- Сардори шуъбаи хоҷагӣ - коммуналии ноҳияи шоҳмансур, Шарипов Ҳаётулло - мудири бахши коммуналӣ, манзилӣ ва муҳандисӣ, Алиев Далер-котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ятимова З – корманди МНДСЭ, Шарбатзода Қамариддин-муовини сархатиби ноҳияи Шоҳмансур сокинони шаҳраки роҳи оҳанчиён мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона ва рӯ ба рӯ баргузор намуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19 “Коронавирус”, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангу бор намудани хонаву кӯчаҳо, таъмири роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дастгирии сиёсати созандаву мардумсолории давлату Ҳукумати мамлакат сухан рафт.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ