Hhdt | Shohmansur

СИҲАТӢ ВА НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ МАРОМИ ҲХДТ: ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ХАВФИ СИРОЯТЁБИИ СОVID-19

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад,муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Қаюмов Т, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Манучеҳри Хурсанзод муштаракан бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, кормандони соҳаи маориф дар маҳаллаи Ховарон аз рӯйи усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча бо сокинони маҳаллаи зикрёфта вохӯриҳои манфиатбахш гузарониданд.
Дар вохӯриҳо оид ба пешгирии хавфи бемории сироятии СОVID-19 “Коронавирус”, ободу зебо гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, дар ҳолати хуби меъморию эстетикӣ нигоҳ доштани бинову иншооти хизматрасон, беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкории Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ сухан рафта, ба ҳар хона буклет ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дода шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ