Hhdt | Shohmansur

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи истифодабарии манзили №4 бо сокинон оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бемориҳои сироятӣ махсусан “Коронавирус” мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона ва рӯ ба рӯ баргузор намуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19 “Коронавирус”, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангу бор намудани хонаву кӯчаҳо, таъмири роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дастгирии сиёсати созандаву мардуссолории давлату Ҳукумати мамлакат сухан рафт.
Баргузории вохӯриҳо дар ноҳияи Шоҳмансур идома дорад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ