Hhdt | Shohmansur

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО СОКИНОН: ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМОЕД

Дар ҳудуди муассисаи истифодабарандагони манзил 2 бо бо иштироки Ҷурахонзода Ҷамшед Ҷурахон - Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутасаддии Ҳукумати мамлакат оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Билол Иброҳим-Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Султонзода Зебонисо - Роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур бо сокинону истиқоматкунандагон аз рӯйи усули хона ба хона вохӯрӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат гузарониданд.
Аз ҷумла ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равнақ додани корҳои созандагию ободонӣ, рангу бор намудани хонаҳои истиқоматӣ, гузаронидани таъмири ҷорӣ, дар ҳолати хуби эстетикию меъморӣ нигоҳ доштани онҳо, беҳдошти ваъзи санитарӣ эпидемиологӣ, зиддисухторӣ, экологӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва асфалтпуш намудани онҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи генофонди миллӣ, дастгирии ниёзмандону ятимон, ҳимояти манфиатҳои миллӣ ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ