Hhdt | Shohmansur

ИДОМАИ ИҚДОМИ “БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ”

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдураҳимова Дилбар-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муродов Илҳомҷон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳаллаи Зебонисо вохӯрӣ намуда, перомуни мавзуҳои набзи ҷомеа: тақвият бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории сироятии короновирус, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептӣ, ҳифзи солимии ҷомеа суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар арафаи моҳи шарифи рамазон ба 35 нафар оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ