Hhdt | Shohmansur

ГУРӮҲИ КОРӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Бо иштироки Амробекова Руқия –мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, вакили Маҷлиси вакилилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Садриддинзода Шамсиддин бо сокинони маҳаллаи Шоҳмансур 1 мулоқоту вохӯриҳои хона ба хона ва рӯ ба рӯ баргузор намуданд ва ҳангоми вохӯри ба 30 нафар сокинони маҳаллаи Шоҳмансур 1 маводҳои безараргардони тақдим карда шуд.
Ҳангоми вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19 “Коронавирус”, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангу бор намудани хонаву кӯчаҳо, таъмири роҳҳои кӯчаву маҳаллаҳо, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дастгирии сиёсати созандаву мардумсолории давлату Ҳукумати мамлакат сухан рафт.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ