Hhdt | Shohmansur

Аҷаб шаҳри дилорои Душанбе

Шаҳри паймони ман, Душанбе.

Фахри даврони ман, Душанбе.

Пояи ваҳдати тоҷикон.

Дар дилу ҷони ман, Душанбе

   Душанбе яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг ва пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

 

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

 

Ҳар яки мову шумо медонем, ки Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд. Баъди бунёди гулгаштҳои нав, боғҳои фароғатие, ки дар  ҷойҳои хеле мувофиқ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сохта шуданд, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайру гашт фароҳам оварда шудаанд.

       Душанбе дар ҳақиқат ба шаҳри гулҳо мубаддал гардид.  Ба таъбири Президенти Белорусия Александр Лукашенко “Душанбе шаҳри гулҳост ва сокинонаш дар як боғи пур аз гул рӯзгор дорад”. Ин таассуроти ӯ ҳангоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон гуфта шудааст.

  Тоҷикистон шаҳри бениҳоят зебост агар мо гӯем, ки дар биҳишти рӯи замин қадам мемонем ва  зиндагии шоҳона дорем хато намекунем.                                           

               Мутахассиси шуъбаи ташкилии                     Содиқов  Умед


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ