Hhdt | Shohmansur

Фаолияти пурмаҳсули ширкати ватании Ёқут - 2000

Бо  иштироки   Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Қодирзода Абдуҳалим вохӯрӣ бо кормандони корхонаи истеҳсолии Ёқут - 2000 баргузор гашт.

Ҳангоми вохӯриҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19 “Коронавирус”, беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дастгирии сиёсати созандаву мардуссолории давлату Ҳукумати мамлакат сухан рафт.
         Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад барои фаъолияти хуб ва назаррас ба роҳбарияти ширкати Ёқут – 2000 изҳори сипос баён намуд.

Гуфта шуд, ки ширкати Ёқут – 2000 яке аз ширкатҳои бонуфӯзӣ ватани буда, дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат ва бо ҷойи кори доими фаро гирифтани занон нақши муҳим дорад.

Айни ҳол дар ширкати Ёқут – 2000 ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ омода намуда ниқоб ва хилъатҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ