Hhdt | Shohmansur

ТАҚВИЯТИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилаӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Covid-19 дар маркази савдои “Ховарон”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир намуд.
Дар он ба сокиноне, ки барои хариди маводи озуқаворӣ ворид мегарданд, маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи Covid-19 риояи гигиенаи ҳаррўза ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулини расонида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулин ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон тақсим карда шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ