Hhdt | Shohmansur

ЧОРАБИНИҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ва Роҳбарияти Кумитаи ироияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бобати тақвият бахшидани корҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояти махсусан коронавирус навъи СОVID-19 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Шоҳмансур, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур, Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии COVID-19 Дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Аҳмади Дониш, боғҳои Куруши Кабир, Алишери Навоӣ суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизаткунанда гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда, маводҳои пешгирикунандаи тавсиявӣ аз вируси сирояткунандаи COVID-19, риояи гигиенаи ҳаррўза ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулин расонида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ