Hhdt | Shohmansur

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС-ҲАМДИЛӢ ВА ШИФО

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бобати тақвият бахшидани корҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти вируси СОVID-19 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Амробекова Руқия, мудири шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зубайдуллоева Умеда, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Изатуллои Ҳабибзод ва кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3 давоми ҳафтаи равон дар маҳаллаҳои Бӯстон-1 ва Бӯстон-2 бо усулҳои рӯ ба рӯ ва хона ба хона мулоқоту вохурӣ намуданд.
Зимнан бобати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), пешгирии дигар намуди бемориҳои сироятӣ, ташаккул ва тарғиби ҳаёти солим, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳангоми гардидши хона ба хона аз аҳволу рӯзгор ва вазъи саломатии ҳар хонадон хабардор гардида, тавсияҳои муфид расонида шуд. Таъкид шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани бемориҳои мавсимӣ, бемориҳои сироятӣ ба худтабобаткунӣ роҳ надода, духтури маҳаллӣ хабардор карда шавад.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ