Hhdt | Shohmansur

Завбон- ҳастии миллат Забон ояд ба кас чун шири модар, Аз ин рӯ асли ҷон аст асли ҷон аст.

Завбон- ҳастии миллат

Забон ояд ба кас чун шири модар,

Аз ин рӯ асли ҷон аст асли ҷон аст.

 

     Забони модари лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизори мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону қалб ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу  қарин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилҳост. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.  

     Авввалин маротиба Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 қабул гардида, тайи 20 сол ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми  июл  ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. 5 –уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот даровард ва рӯзи 5 –уми октябр  “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с. №699) эълон шуд. 

        Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 25 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик сокинанд. Гузашти солҳо нишон доданд, ки мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ зарурати таърихӣ буд, зеро забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рӯйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд.

Шодиева Ҷамила

Мутахассиси бахши таҳлилӣ

 ва омодасозии мутахассисон


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ