Hhdt | Shohmansur

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон

Дар асоси банди 283 ва 284-и Дастури Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон ва бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №482 аз 29.12.2020 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон сафарбар гардидаанд. Дар асоси қарори мазкур имрӯз вохӯрии вакилони МНМОҶТ бо раисони ташкилоту идораҳо ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар он Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор - Обидов Фозил Саидович. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Содиқӣ Насиба, Тағойзода С., Вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор – Файзулло Машраб иштирок ва суханронӣ карданд.

Вакилон оид ба шарҳи муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар як оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷараёни омодагиҳо ба мавсими зимистон, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва нақша-чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.

Қайд гардид, ки ҳозирин барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия, ҷонибдориву дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, дар ободии Ватани азизамон саҳми худро назаррас мегузоранд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ