Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020,№101 дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмон ва меъморӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот пешниҳод гардида, тазаккур дода шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот саҳми хешро гузоштанд. Дар рушди давлати миллӣ ва сохтмони биноҳои мутобиқ ба санъати меъмории лиллӣ, бунёдкорию меъморӣ дар пойтахт ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон, тарбияи худогоҳии миллӣ, дастгирии сиёсати бомароми давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми аъзоёни ташкилот назаррас аст.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот, баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳамаи кормандону ҷонибдорони ҲХДТ, ва амсоли ин мавзӯҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ