Hhdt | Shohmansur

НАТИҶАГИРӢ АЗ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР СОЛИ 2020 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕҲДОШТ”:

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020,№101 дар ташкилоти ибтидоии “Беҳдошт” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботӣ иштироки фаъол дошта, инчунин, бобати ҳимояи солимии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбӣ нақши бориз доштанд.

Сипас Мирзозода Иброҳим  Холмурод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот бобати пешгирии сирояти нави ковид-19, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, садоқат ба Ватан, миллат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, сарфаву сарриштакории нерӯи барқ дар фасли сармо, дастгирӣ ва ҳамовозии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа нутқ карданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баромад намуда, афзуд, ки саҳми ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ дар ноҳия қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон бобати масоили ҳаракати аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ташкилот дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар лаҳзаи тантанавӣ ба як қатор кормандоне, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин якчанд нафар фаъолон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ