Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШУЪЛАИ УМЕД”

Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ №58 аз 15.12.2020 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.12.2020,№101 дар ташкилоти ибтидоии “Шуълаи умед” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Карим Иброҳим раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дода, тазаккур дод, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзои ташкилоти ибтидоии “Шуълаи умед” ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот саҳми хешро гузоштанд. Дар рушди давлати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт, тарбияи худогоҳии миллӣ, дастгирии сиёсати бомароми давлат ва Ҳукумати кишвар саҳми аъзоёни ташкилот назаррас аст. Бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт аъзоёни ташкилот саҳм гирифта, корҳои назаррас анҷом доданд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани фаъолияти сиёсии ташкилот, баланд бардоштани иродаи сиёсии ҳамаи кормандону ҷонибдорони ҲХДТ ва амсоли ин мавзӯҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ