Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҚОНУНГУЗОР”

Бо иштироки вакили Маҷлиси Намояндгони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, Саидзода Изатулло-Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Қонунгузор” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Саидзода Изатулло раиси ташкилоти ибтидоӣ дар ҳисоботи солона зикр дошт, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия давоми соли 2020 дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоштаанд. Бобоати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳвандон, тарбияи сиёсии онҳо, иштирок дар чорабиниҳои сиёсии интихоботӣ ва амсоли ин масъалаҳои сиёсиву набзи ҷомеа нақши бориз гузоштанд. Ҳисобот аз ҷониби аъзоёни ташкилот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас вакили Маҷлиси Намояндгони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад оид ба масъалаҳои набзи ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, таҳкими давлатдории миллӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва амсоли ин мавзӯҳо суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ҳаст, ки манфиатҳои миллиро ҳифз ва дар чунин вазъияти табиӣ ба вуқуъ омада нерӯи барқро сарфа намояд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ