Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ»

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина ва Субҳонзода Икром - раиси ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Нахуст Субҳонзода Икром раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2020 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсии интихоботии вакилони халқ ва интихоботи Президенти кишвар ба ҳайси мушоҳидони миллӣ иштироки фаъол доштанд. Инчунин, бобати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳо, тақсимоти ниқобҳо, маводҳои антисептӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии обуна-2021 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” нақши сазовор гузооштанд.

Сипас Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе, сарфаву сарриштакории нерӯи барқ дар фасли зимистон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баромад намуда, афзуд, ки саҳми ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ дар ноҳия хуб арзёбӣ мегардад. Таъкид шуд, ки барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, пешгирии вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои ҷудоиандоз мубориза бурдан масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвадист.

Зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии “Авиатсияи миллӣ”-и Агентии алоқаи ҳавоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд фаъолияти худро дар ҳудуди ноҳияи Сино идома медиҳад ва тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ ба масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино супорида шуд.

Ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар лаҳзаи тантанавӣ як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ