Hhdt | Shohmansur

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”

Бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъабастии солани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” ифтитоҳ гардид.

Дар кори маҷлис Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” Хушвахтзода Қобилҷон шунида шуда, музокирачиён бо ҳамовозии аъзоёни ҳизб ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон тибқи рӯзномаи маҷлиси ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб интихоб гардид.

Сипас Хонов Абдураҳмон-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роеъ ба дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуда, афзуд, ки Раиси муаззмами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузошта, тадбирҳои судмандро мунтазам амалӣ менамояд. Дар ин самт дар як сол дар кишвар дар маҷмуъ 200 муассисаҳои гуногуни таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Зикр шуд, ки дар амалӣ намудани Барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, рушди илму техника, фановарӣ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ ҳайъати омӯзгорон нақши арзишманд доранд. Инчунин, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ, ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби итимоӣ, бегонапарастӣ, ҳидояти ҷавонон дар масири худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, зимнан, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ ва омодлагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.

Дар интиҳо як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ