Hhdt | Shohmansur

“АДОЛАТПАРВАР”: МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ-ҲИСОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилоти ибтидоии “Адолатпарвар” доир гардид. Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии “Адолатпаравар” Собирзода Исфандиёр вобаста ба фаъолияти ташкилот, натиҷагирӣ аз фаъолияти як соли он, ҳаракати аъзои ҳизб, татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи ҲХДТ, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сиёсии интихоботӣ ва амсоли ин мавзӯҳои марбута ҳисобот дод.

Зимнан масъалаҳои тасдиқи нақшаи корӣ, баргузорӣ ва тақвият бахшидани соатҳои сиёсӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатнигорӣ, риояти талаботи Оиннома ва Одобномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар охир ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардида, дастур дода шуд, ки бобати баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ташкилот ва ҷомеа ҳар як аъзои ҳизб садоқатмандона фаъолият намояд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ