Бобати тарғиб ва тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии “Хуршеди Тоҷикистон” ҷамъомад доир гардид. Зикр шуд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию меҳанпарастӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ба илмомӯзӣ ҷалб намудани насли наврас ва ҷавон, баргузории озмунҳои “Илм фуруғи маърифат”, ба макотиби олӣ қабул намудани ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯйи рағбати онҳо, ҳавасмандии омӯзгорону волидон, баланд бардоштани маблағи стипендияҳо аз мавзӯҳои муҳими Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ буд. Таъкид рафт, ки нуктаҳои ироашуда масъулияти омӯзгорону мураббиёнро беш аз пеш афзун менамояд.
‹ | › | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |