Hhdt | Shohmansur

ТАВЗЕҲИ МУҲТАВОИ ПАЁМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” маҷлиси ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ доир гардид.

Сароғоз Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад роҷеъ ба аҳамияти паёми Президенти кишвар дар низоми идораи давлат, додани имтиёзҳо ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорону кишварзон, ҳимояи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг ва осори ниёгон, дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳавасмандии ғолибону волидони онҳо, омӯзгорон, миннатдорӣ ба кормандони соҳаи тиб бобати хизматрасонӣ ва пешгири дар давраи хуруҷи каронавирус суханронӣ намуд.

Сипас Латифзода Анвар зимни суханронии худ афзуд, ки як бахши паёми Пешвои миллат таъкиди ҳамовозию ҳамдастии мардуми шарифи кишвар мебошад. Зикр шуд, ки бо дастгирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сиёсати давлатро дастгирӣ ва истиқлоли миллиро таҳким бахшем. Насли ҷавонро дар руҳияи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва садоқатмандӣ тарбия намоем.

Ҳамидов Зикрулло Раиси иттифоқи касабаи кормандони КВД Роҳи оҳан афзуд, ки моро дар пеш таҷлили 30-солагии Истиқлолияти кишвар интизор аст. Ба таъкиди Пешвои миллат бо дастгирию ҳамдилӣ баҳри ободии Ватан ва ҳар гӯши диёр заҳмат кашида, сарзамини аҷдодиамонро обод намоем. Ҷавонону фарзандонро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ тарбияву ҳидоят намоем.

Шарафи Кароматулло намояндаи телевизионти Ҷаҳоннамо зимни суханронии худ аз Паёми Пешвои миллат иқтибос овард, ки “Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем”.

Дар интиҳо як қатор фаъолон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.


Ҳайати кормандон

Даҳсолаи байналмилалии амал
"Об барои рушди устувор"
солҳои 2018 - 2018

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

СОМОНАҲОИ РАСМӢ